Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EU гуфт, Эрон омодаи музокирот бо Ғарб аст


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, Эрон омода аст, ба зудӣ дар мавриди барномаҳои атомиаш бо шаш қудрати ҷаҳонӣ музокира кунад. Катерин Эштон, сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, дар ин бора дар шаҳри Брюссел сухан гуфт. Ӯ афзуд:"Ман субҳи имрӯз аз Сайид Ҷалилӣ, намоянда ва музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон номае дарёфт кардам, ки аз тамосҳои ман бо ӯ истиқбол карда ва гуфтааст, баъди 10 ноябр омодаи музокирот аст ва мехоҳад, то замону ҷойи он таъйин шавад." Кетрин Эштон, эъломи Эронро “як иқдоми чашмгир” хондааст. Эрон мегӯяд, ҳадафи барномаҳои атомиаш сулҳомез аст. Аммо кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон таҳти пардаи ин барномаҳо мехоҳад, бомби атомӣ бисозад.
XS
SM
MD
LG