Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти панҷҷонибаи вазирон дар Душанбе баргузор нашуд


Нишасти панҷҷонибаи вазирони роҳ ва нақлиёти Тоҷикистону Қирғизистон, Афғонистону Эрон ва Чин, ки қарор буд, рӯзи ҷумъа баргузор шавад, сурат нагирифт. Ба гуфтаи вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ба далоили номаълум вазирон ба Душанбе наомаданд, вале ҳайъатҳои кишварҳо ду рӯз боз аст, масоили ифтитоҳи роҳҳои нави иртибототиро баррасӣ мекунанд. Яке аз масоили аслии нишасти панҷҷониба бунёди як роҳи оҳани тақрибан 3 ҳазор километрие мешуд, ки қарор аст, Тоҷикистону Қирғизистону Чинро аз тариқи қаламрави Афғонистон ба Эрон бипайвандад. Арзиши ин тарҳ бештар аз 3 миллиард доллар ҳисоб шудааст.
XS
SM
MD
LG