Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар ҳайъати вазорати умури хориҷаи тағйироти кадрӣ ворид кард. Маҳмудҷон Собиров, ки дар гузашта ба ҳайси сафир ва муовини вазир фаъолият кардааст, ба мақоми мувовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон таъйин шуд. Низомиддин Зоҳидов, ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси муовини вазир таъйин кардаанд. Дар Кумитаи давлатии телевизион ва радио низ Абдураҳмон Абдуманнонов, муовини аввали раиси онро бознишаста кардаанд ва Ҳабибулло Нозирӣ шоир ва сардабири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҷойгузини ӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG