Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия дигарбора "Булава"-ро озмоиш кард ва бомуваффақият


Ба гузориши хабаргузориҳои Русия, озмоиши мушаки байниқоравии баллистикии “Булава”, ки ояндаи зарротхонаи ҳастаии кишвар хонда мешавад, муввафақиятомез будааст. Ин мушак баъди партоб аз киштии зериобие да Баҳри Сафед дар наздикии марзи Финланд, ба ҳадафи худ воқеъ дар 6 ҳазор километрӣ дар нимҷазираи Камчатка расидааст. Мушаки серхарҷи “Булава”, ихтироъкоронашро шармсор кард, зеро 13 озмоиши он ноком шуд. Русия мегӯяд, ин мушакҳо қодир ба рахна кардани тамоми сипарҳои дифоъи мушакӣ аст.
XS
SM
MD
LG