Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба барномаи тақвияти мудирияти буҷаи кишварҳои узв тавофуқ карданд. Ҳамчунин барои таъсиси як бунёди доимӣ тавофуқ шудааст, ки дар сурати бӯҳронҳои молии мисли Юнон, ки ҷони евроро ба хатар андохт, аз он истифода шавад. Ин ислоҳоти пешниҳодии Олмону Фаронса, ки бояд дар Паймони Лиссабон сабт шавад, ки баҳси он солҳо тӯл кашид ва он паймон танҳо 11 моҳ пеш ҳукми иҷро гирифт. Дар нишасти Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел ҳамчунин 10 кишвари узв аз Бритониё ҳимоят карданд, ки мухолифи афзоиши 5,9 дар садии буҷаи Иттиҳодияи Аврупо аст. Бритониё мегӯяд, афзоиши бештар аз 2,9 дар сади буҷаи иттиҳодияи ғайриқобили қабул аст.
XS
SM
MD
LG