Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти ҳифзи мавҷудоти Замин поён меёбад


Нишасти байналмилалии таҳти сарпарастии Созмони Милал бо ҳадафи ҳифзи олами набототу ҳайвоноти сайёра имрӯз ба поён мерасад. Дар ин нишаст, бояд нақшаи 20 ҳадафи мушаххас таъйин шавад, ки бар асоси он кишварҳои ҷаҳон монеъи вайроншаваии табиат ва маҳви мавҷудоти зиндаи курраи Замин шаванд. Агарчӣ аксарияти намояндагони 190 кишвари ҷаҳон бар сари ин ҳадафҳо ба созиш расидаанд, аммо ихтилофи назар ба сари тақсими “захоири генетикӣ” асосан дар миёни кишварҳои дар ҳоли рушд боқӣ мемонад. Аксарияти ҳозирон ибрози умедворӣ кардаанд, ки ихтилофоти назарҳо то охири нишаст рафъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG