Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси санади баҳсбарангези Арманистон ба таъхир афтод


Як ҷиноҳи мухолиф дар порлумони Арманистон, раъйгирӣ дар мавриди санади баҳсбарангезеро ба таъхир андохт, ки аз ҳукумат мехоҳад, Вилояти Кӯҳистони Қаробоғи Озарбойҷонро ба ҳайси кишвари мустақил ба расмият бишиносад. Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи Арманистон, бо ҳампаймонҳояш дар порлумон ибрози нигаронӣ кардааст, ки тасвиби ин санади пешниҳоди аз сӯи Ҳизби Мерос, ба музокироти байналмилалӣ бар сари Кӯҳистони Қаробоғ таъсири манфӣ мегузорад. Дар ин авохир музокироти Озарбойҷону Арманистон барои ҳалли муноқишаи бадарозокашидаи Кӯҳистони Қаробоғ бештар шудааст, ки ду кишвар бар сари он вилояти умдатан арманишини Озарбойҷон дар аввали солҳои 90-ум бо ҳам ҷангидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG