Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри дубораи ягона нашрияи украинӣ дар Қрим


Ягона нашрия ба забони украинӣ дар вилояти Қрими Украина баъди аз нашр мондан дар аввали сол, дигарбора аз тариқи интернет дастраси муштариёнаш шуд. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, нашрияи “Кримска Свитлится”, шаш моҳ пеш бинобар мушкилоти молӣ ва дахолати мақомоти расмӣ ва моҷароҳои барканории сардабири он аз нашр монд. Ҳоло ҳайъати таҳририяи ҳафтанома мегӯянд, қарздор шудаанд, пуле барои чопи нашрия надоранд ва аз ин рӯ дар хона нишаста мақола менависанд ва нусхаи интернетии онро нашр мекунанд. Дар нимҷазираи Қрими Украина, ки аксарияти русзабонанд, “Кримска Свитлится” ягон нашрия ба забонии миллии Украина аст.
XS
SM
MD
LG