Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳмати сиёҳи "тиллои сафед" дар Узбакистон


Бозорҳои ҷаҳонии пахта аз баланд шудани қимати фурӯши пунба дар ҳафтаҳои охир хабар доданд. Дар ҳоле, ки бисёри давлату ширкатҳои тавлидкунандаи пахта аз ин хабар хушҳол шуданд, вале кишоварзони Ӯзбакистон ва ҳам нерӯи арзони кории он, аз ин истиқболи гарме накарданд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки аз меҳнати ғуломвори мардуми оддии Ӯзбакистон дар майдонҳои пахтаи ин кишвар танҳо гурӯҳҳои наздик ба раиси ҷумҳурӣ ва аҳли хонаводаи ӯ манфиат мебинанд.

Заҳмати сангини пахтакорони узбак

Маъмурҷон Азимов аз он кишоварзони собиқадорест, ки замоне ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш дар ноҳияи Ҷиззах бо пахтакорӣ машғул будааст. Баъди он, ки натавонист қарзҳои бонкро пардохт кунад, аз заминҳо маҳрум ва ба сарвари бекору ниёзманди хонадон табдил шуд.

Маъмурҷон барои чархондани рӯзғори худ ва панҷ фарзандаш, маҷбур шуд ба пахтакорӣ баргардад. Ӯ мегӯяд, зиндагии қашшоқонаи онҳо ба ҳамон тарз пеш меравад ва баланд шудани қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба ӯ барин пахтачинҳои оддӣ ҳеҷ дахл нахоҳад дошт.
Вай гуфт: “Дар Ӯзбакистон нархи пахта ва даромади ҳар пахтачин пешакӣ дар оғози мавсим аз ҷониби давлат муқаррар мешавад. Он чи, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ мегузарад, ба мо дахл надорад. Ҳеҷ кас ба кишоварз ҳатто дар сурати болоравии қимати пахта пули бештар нахоҳад дод. Агар ҳам нархҳои ҷаҳонӣ баланд шаванд, танҳо мақомдорҳо аз ин чиз манфиат мебинанд, на мо”.

Нигаронии гурӯҳҳои ҳуқуқи башар

Пахтакорон мегӯянд, ки тибқи нархҳои имсола, давлат ба онҳо барои ҳар як тонна пахтаи сифати олӣ тақрибан 300 доллари амрикоӣ медиҳад ва дар бозори ҷаҳонӣ ҳамин миқдор пахта бо нархи беш аз 1800 доллар ба фурӯш меравад. Яъне даромади пахтачинҳо шаш баробар камтар назар ба қиматҳои бозори ҷаҳонӣ мешавад.

Баъди ҷамъоварии ҳосил, пахтакор бояд пахтаи бадастовардаашро ба корхонаи "Узхлопкопром" фурӯшад, ки 51 дар сади саҳмияҳои онро ҳукумат дар ихтиёр дорад. Боқӣ саҳмияҳо маълум нест дар дасти кӣ қарор доранд. Вале бино ба таҳлилҳои гурӯҳҳои муҳофизи ҳуқуқи инсон, саҳмияҳои хусусӣ аслан ба нафарони наздики президент Ислом Каримов ва ҳам аҳли хонаводаи ӯ тааллуқ доранд.

Ҷулиетт Уиллиамс, раиси бунёди Муҳити одилонаи зист, мақарраш дар Бритониё, ки солиёни зиёд ба таҳқиқи масъалаи ҷалби кӯдакон ва дигар нирӯи арзони корӣ ба пахтаи Ӯзбакистон машғул аст, мегӯяд:

“Масъала ин аст, ки иқтисоди Ӯзбакистон ба шеваи шӯравӣ амал мекунад. Аз ин рӯ, пахта як моли муҳими стратегӣ барои ҳукумат аст. Ҳар сол ҳукумат аз фурӯши пахта як миллиард доллар ба даст меорад ва кишоварзон танҳо барои манфиати элитаи ин кишвар кор мекунанд. Азбаски бечора кишоварзон интихоби дигаре надоранд, маҷбуранд, ки ба манфиати Ислом Каримов ва атрофиёни вай заҳмат кашанд. Азбаски тамоми ин ҷараён ношаффоф аст, барои ҳамин ҳам ҳар касе, ки дар боло аст, аз он манфиат мебинад”.

Дар баробари даромади зиёд аз болоравии қимати пахта, ҳукумати Каримов аз ин роҳ инчунин назоратро аз болои мардумаш боз ҳам сахттар мекунад.

"Ғуломон"-и системаи кишоварзӣ

Хонум Уиллиамс гуфт, кишоварзони ӯзбак ғуломи система шудаанд, ки дар натиҷа кишварро ба як ҳолати феодализми баъдикоммунистӣ оварда расондааст.

“Тамоми ҷараён зери контроли давлат аст – аз замони ба замин гузошта шудани тухми пахта то ба фурӯш рафтани он дар бозори ҷаҳонӣ. Кишоварз бояд тухмиро аз давлат харад, баъд бояд мутобиқи қоидаи давлат муқарраркарда тухмиро корад. Вай бояд миқдори муайяни маводи сӯхтро барои кори мошинҳо ва маводи минералиро барои нигоҳубини пахта истифода кунад. Вақте марҳилаи чидани ҳосил фаро мерасад, пахтакор интихоби дигар ба ҷуз фурӯши он ба давлатро надорад. Онҳо наметавонанд пахтаро дар бозори озод ва ё ба тоҷирони ҷудогонаву харидорони дилхоҳашон ба фурӯш гузоранд. Ҳар коре, ки тавассути давлат анҷом мешавад, хеле тира асту ношаффоф мегузарад”.

Системаи конроли давлатии пахта муқаррар кардааст, ки "Узхлопкопром" танҳо харидор ва фурӯшандаи пахтаи Ӯзбакистон мебошад. Ин ширкат ҳудудан 70 дар сади ҳосили пахтаро ба се корхонаи содиротии пахтаи хом – Узпроммашимпекс, Узмарказимпекс ва Узинтеримпекс интиқол медиҳад.

Ҳарчанд ошкоро оид ба соҳибони ин ширкатҳо чизе гуфта намешавад, бар тибқи иттилои манобеи мустақил, вазири равобити хориҷии иқтисодӣ Элёр Ғаниев назорати кори ин ширкатҳоро анҷом медиҳад. Ӯ масъули нархгузорӣ, пайдокунии харидори пахта ва воридоти пулҳои хориҷӣ аз ҳисоби фурӯши пунба маҳсуб мешавад.

Аз фуруши пунба ки нафъ мебарад?

Яке дигар аз масъулони низоми ношаффофи фурӯши пахтаи хом дар Ӯзбакистон, муовини аввали нахуствазир Рустам Азимов аст. Ва нахуствазир Шавкат Мирзиёев нафарест, ки кори 13 хоҷагии пахтакори кишварро аз назари иҷрои нақшаи ҳосил контрол мекунад.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳамин ки нақшаи муайяншудаи пахтачинӣ пур шуд, мақомот ба ҳодисаҳои хушунату ҳуқуқпоймолкуниҳои мақомоти маҳаллӣ дар ҳангоми чиниши пахта чашм мепӯшанд. Ин дар ҳолест, ки барои ҷамъоварии ҳосил ҳамоно аз нерӯи донишҷӯён, мактаббачаҳо, духтуру омӯзгорҳо ва дигар кормандони сохторҳои давлатӣ истифода мешавад.

Пахта 60 дар сади даромади моли содиротии Ӯзбакистонро ташкил медиҳад. Вале мақомот ин пулҳоро ҳеҷ гоҳ барои навсозии системаи саноати пахтаи кишвар сарф накардаанд.
XS
SM
MD
LG