Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё дар Тошканд


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар бозии охирини гурӯҳӣ дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Тошканд аз тими мизбон - Узбакистон бо ҳисоби бузурги 1-8 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи «А» 28-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд бо ҳузури 22000 тамошобин баргузор шуд.

Мизбонон дар нимаи аввали дидор чаҳор гол ва дар нимаи дуввум низ чаҳор гол ба самар расонданд. Дар воқеъ, ду голро футболбозони узбак аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра дар дақиқаҳои 80-ум ва 88-ум, яъне баъди он ки ҳисоб 5-1 буд, ба ҳадаф расонданд.

Як голи Тоҷикистонро Иброҳими Мӯҳтоҷзода дар дақиқаи 59-ум зад.

Дар ин бозӣ ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон чунин буд: Баҳодур Шамсов (Сулаймон Мирзомуродов, 33), Дилшодҷон Каримов, Анушервон Загуров (Темурҷон Одилов, 26), Дилшод Холиқов, Абдулло Саидов, Бузургмеҳр Қодиров, Дилшод Расулов, Ойбек Абдуғаффоров, Иброҳими Мӯҳтоҷзода, Толибҷон Султонов (Додохон Мӯъминов, 46), Шаъбон Раҳматзода.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дастаи Урдун бар тими Индонезия бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб Узбакистон бо 7 имтиёз дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб кард. Урдун бо 5 имтиёз дар мақоми дуввум қарор гирифт. Индонезия бо 3 имтиёз севум шуд. Тоҷикистон бо 1 имтиёз мақоми охирро ишғол кард.

Дастаҳои Узбакистон ва Урдун ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Вале тимҳои Индонезия ва Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякфиналӣ маҳрум шуданд.

Ҳайати ширкаткунандагони мусобиқоти Осиё (U-16):

Гурӯҳи А: Узбакистон, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Индонезия.
Гурӯҳи В: Эрон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Уммон.
Гурӯҳи С: Ҷопон, Австралия, Тимори Шарқӣ, Вйетнам.
Гурӯҳи D: Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Чин, Кувайт.

Тақвими мусобиқот

24 октябр, якшанбе
15:00, (Гурӯҳи A) Узбакистон – Индонезия – 3:0
19:00, (Гурӯҳи A) – ТОҶИКИСТОН – Урдун – 1:1
17:00, (Гурӯҳи B) Эрон – Уммон – 5:1
13:00, (Гурӯҳи B) Сурия – Кореяи Шимолӣ - 1:1
25 октябр, душанбе
15:00, (Гурӯҳи C) Ҷопон – Вйетнам – 6:0
19:00, (Гурӯҳи C) Австралия – Тимори Шарқӣ - 5:0
17:00, (Гурӯҳи D) АМА – Кувайт – 0:0
13:00, (Гурӯҳи D) Ироқ – Чин – 2:0
26 октябр, сешанбе
19:00, (Гурӯҳи A) Индонезия – ТОҶИКИСТОН – 4:1
15:00, (Гурӯҳи A) Урдун – Узбакистон – 0:0
13:00, (Гурӯҳи B) Уммон – Сурия – 0:1
17:00, (Гурӯҳи B) Кореяи Шимолӣ – Эрон – 2:0
27 октябр, чоршанбе
19:00, (Гурӯҳи C) Вйетнам – Австралия – 1:3
15:00, (Гурӯҳи C) Тимори Шарқӣ – Ҷопон – 0:1
13:00, (Гурӯҳи D) Кувайт – Ироқ – 0:3
17:00, (Гурӯҳи D) Чин – АМА – 1:1
28 октябр, панҷшанбе
13:00, (Гурӯҳи A) Узбакистон – ТОҶИКИСТОН – 8:1
17:00, (Гурӯҳи B) Эрон – Сурия -1:1
13:00, (Гурӯҳи A) Урдун – Индонезия – 1:0
17:00, (Гурӯҳи B) Кореяи Шимолӣ – Уммон -2:1
29 октябр, ҷумъа
13:00, (Гурӯҳи C) Ҷопон – Австралия-0:0
17:00, (Гурӯҳи D) АМА – Ироқ
13:00, (Гурӯҳи C) Тимори Шарқӣ – Вйетнам -3:1
17:00, (Гурӯҳи D) Чин – Кувайт

1 ноябр, душанбе, чорякфинал


15:00, Узбакистон – Сурия
19:00, Кореяи Шимолӣ – Урдун
13:00, Австралия – ҷои 2-юми Гурӯҳи Д
17:00, Ироқ– Ҷопон

4 ноябр, панҷшанбе, нимфинал

14:00, Ғолиби чорякфинали 1 – Ғолиби чорякфинали 3
17:30, Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 4

7 ноябр, якшанбе, финал

14:00, Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чаҳорякфинал мебароянд. Чаҳор дастаи беҳтарини қора ба сабқати ҷаҳонии футболбозони наврас, ки соли 2011-ум дар Мексика доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG