Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрди Чоркӯҳ низ изи ҲИУ дида мешавад?


Мақомоти ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мегӯянд, аз 3 ҷангии дирӯз дар ҷараёни амалиёти мақомоти амниятӣ дар рустои Чоркӯҳ кушташуда то ин соат 2 ҷасадро берун овардаанд, вале як кушта ҳамчунон зери овори манзили ҳадафи ҳамла қароргирифта боқӣ мемонад. Дирӯз дар ҷараёни амалиёти муштараки ниҳодҳои интизомии ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон дар рустои Чоркӯҳ дастикам 3 ҷангӣ куштаву яке боздошт шуда, 2 тани дигар фирор кардаанд. Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, гумон меравад, ки ин афрод марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон бошанд.
Як ҳафта пеш дар як задухӯрди дигар дар минтақаи Чилдухтарони Исфара 2 нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон кушта шуданд
XS
SM
MD
LG