Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имсол дар Русия 667 муҳоҷири тоҷик ҷон бохтаанд


Тайи 9 моҳи соли равон аз 844 000 шаҳрванди Тоҷикистон, ки имсол ба Русия рафтаанд, 667 нафар дар он кишвар даргузаштаанд. Яъне дар ҳар ду рӯз – 5 муҳоҷири тоҷик ҷони худро дар ғурбат мебозад. Хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки 75 муҳоҷири тоҷик дар Русия имсол ҷабран кушта шудаанд.
Бино ба омори ин ниҳод, атбоъи Тоҷикистон имсол дар Русия ба наздики 7000 ҷиноят айбдор шудаанд, вале тақрибан 50 дарсади ин ҷиноёт марбут ба нақзи шароити кору иқомат ва тақаллуби кортҳои муҳоҷирӣ ва сабти ном будааст.
XS
SM
MD
LG