Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷосусӣ ба нафъи Исроил айбдор шудани 2 эронӣ


Додситони Теҳрон гуфт, 2 табааи Эрон ба ҷосусӣ ба нафъи Исроил пиромуни барномаҳои ҳастаии Эрон айбдор шудаанд. Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ гуфт, ин 2 нафар бо хадамоти иктишофии Исроил тамос дошта, онро бо маълумот таъмин мекарданд. Қарор аст, парвандаи ин афрод рӯзи 1 ноябр дар маърази баррасии додгоҳ гузошта шавад.
Давлатободӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир бо айни иттиҳом 15 эронии дигар адои ҳукми зиндон мекунанд. Додситони Теҳрон афзуд, исми муҷриминро ба хотири ҳифзи обрӯи хонаводаҳои онҳо ифшо нахоҳанд кард. Бино ба хабарҳо, ин афрод барои барномаҳои ҳастаии Эрон кор мекарданд.
XS
SM
MD
LG