Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раъйгирии зиддунақиз дар Ереван ба таъхир уфтод


Вакилони ҳизби мухолифи Жарангутюн дар парлумони Арманистон раъйгирии қонуни зиддунақизеро, ки эътирофи расмии истиқлолияти вилояти ҷудоихоҳи Қаробоғи Озарбойҷонро барои Ереван ҳатмӣ мекунад, ба таъхир гузоштанд. Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ ва шарикони сиёсии он ҳушдор додаанд, ки тасвиби чунин қонун ба музокироти байналмилалӣ бар сари Қаробоғ таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Раҳбари Жарагутюн Раффӣ Ҳованнисиён дар посух гуфт, ҳизби ӯ раъйгирии ин тарҳро то моҳи декабр ақиб меандозад.
Вилояти умдатан арманинишини Қаробоғ дар авоили солҳои 90 худро аз Боку мустақил эълон кард, ки мунҷар ба 3 соли ҷангҳои хунин байни нирӯҳои озариву арманӣ шуд.
Аз соли 1994 дар Қаробоғ оташбас эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG