Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи зиддибӯҳронии ИА тасвиб шудааст


Бино ба хабарҳо, раҳбарони ИА дар нишасти Брюссел барномаи ташдиди интизом дар масрафи будҷаи кишварҳои узви ин созмони қораиро тасвиб карданд. Ин иқдом ношӣ аз сабақи бӯҳрони қарзҳои Юнон буда, манобеъи дипломатӣ мегӯянд, раҳбарони Аврупо таъсиси як сандуқи изтирории доимӣ барои минтақаи евро, воҳиди пули 16 кишвари ин қораро лозим шумурдаанд. Вале Олмон таъсиси чунин сандуқро бо ислоҳи паймони Лисабон, ки ба навъе ҷойгузини Қонуни асосии ИА-ст, бастагӣ додааст. Бино ба хабарҳо, раҳбарони ИА ҳамчунин тарҳеро пазируфтанд, ки сиёсатҳои иқтисодии аъзои созмонро таҳти назорати шадидтар қарор дода, ба ИА ҳаққи тадбирҷӯӣ ба хотири пешгирӣ аз поймолкунандагони шароити қарзу касри будҷаро эъто мекунад. Ҳамчунин Бритониё ва 10 кишвари дигар пешниҳоди 5,9 дарсад боло бурдани будҷаи солонаи ин созмонро радд кардаанд.
XS
SM
MD
LG