Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи 20 мулло дар Хатлон ба додгоҳ рафт


Мақомоти умури дохилаи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон танҳо дар 10 рӯзи охир алайҳи 20 муддарис бо иттиҳоми тадриси ғайримуҷози улуми исломӣ парванда боз карда, барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд. Абдураҳмон Бузмаков, раҳбари раёсати умури дохилаи ин вилоят гуфтааст, ки ин афрод ба тадриси ғайрирасмии дин ба 189 кӯдак айбдор мешаванд. Ба гуфтаи оқои Бузмаков, дар сурати собит шудани ин иттиҳомот, ин афрод ҷарима баста хоҳанд шуд.
Раҳбари пулиси Хатлон ҳар навъ тадриси дин бидуни хатти муҷаввизи Кумитаи дин ва ризоияти хаттии волидайни атфолро ғайриқонунӣ номида, гуфтааст, ки чунин маворид бештар дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Норак ва навоҳии Қубодиёну Шаҳритӯс, Қумсангиру Ёвон ва Панҷу Вахш сабт шудаанд.
XS
SM
MD
LG