Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 3 ҷангӣ дар задухӯрди Чоркӯҳ


Дирӯз дар ҷараёни амалиёти муштараки ниҳодҳои интизомии ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон дар рустои Чоркӯҳ дастикам 3 ҷангӣ куштаву яке боздошт шуда, 2 тани дигар фирор кардаанд. Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди мусаллаҳ дар боми манзили як сокини рустои Чоркӯҳ камин гирифта буданд.
Ба гуфтаи Олимов, задухӯрд чанд соат тӯл кашид. Ӯ афзуд, ки феълан вазъ дар Чоркӯҳ ба ҳолати оддӣ бармегардад.
Исфара як пойгоҳи умдаи гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар шимоли Тоҷикистон ба шумор меояд. Як ҳафта пеш дар як задухӯрди дигар дар минтақаи Чилдухтарони ин ноҳия 2 нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG