Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷеймс Кемерон филми "Аватар"-ро идома медиҳад


Ҷеймс Кемерон, коргардони филми машҳури “Аватар” эълом кард, ки қасд дорад, ду серияи дигари ин филмро ба навор бардорад. Ширкати филмсозии “Twentieth Century Fox” ва Ҷеймс Кемерон, рӯзи чаҳоршанбе таъйид карданд, ки филми “Аватар-2” моҳи декабри соли 2014 ва филми “Аватар-3” шояд як сол баъд аз он ба намоиш дарояд. Филми “Аватар”, ки достони муқобилаи инсонҳои курраи Замин ва махлуқоти як курраи хаёлӣ аст, то кунун 2,8 миллиард доллар фоида ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG