Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли се ҷангҷӯи мусаллаҳ дар ноҳияи Исфара


Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ноҳияи Исфара воқеъ шимоли Тоҷикистон се ҷангҷӯи мусаллаҳро куштанд. Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ, ин афродро “террорист” хонд ва гуфт, онҳо ба маъмурони амниятӣ муқовимати мусаллаҳонаи шадид нишон доданд:"Аллакай се ҷасад дар ҳаминҷо мурда, террорист пайдо шудааст.Ду ҷасади онҳоро муайян карда нагирифтаанд, яке аз ҷасадҳоро тоза карда гирифта ва барои ташхис ва муайян кардан бурданд." Неъмат Олимов гуфт, хабари таслим шудани яке аз ҷангҷӯён нодуруст будааст ва онҳо дар хонаи имомхатиби собиқи деҳа паноҳ бурдаанд. Ба гуфтаи Неъмат Олимов аз мардуми русто дар амалиёт касе осеб надидааст, зеро ҳамаи онҳо ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. Амалиёт зӯҳри имрӯз сурат гирифтааст ва теъдоди ҷангҷӯёнро дасти кам панҷ нафар мегӯянд. Ба гуфтаи Неъмат Олимов, аксарашон сокинони Исфара будаанд.
XS
SM
MD
LG