Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду эрониро ба ҷосусӣ ба нафъи Исроил муттаҳам карданд


Додситони кулли Теҳрон мегӯяд, ду эрониро ба ҷосусӣ аз барномаҳои атомии Эрон ба нафъи Исроил муттаҳам кардааст. Ҷаъфари Давлатободӣ рӯзи сешанбе гуфтааст, он ду нафар бо маъмурони иттилоъотии Исроил иртибот дошта ва онҳоро бо иттилоъот таъмин мекардаанд. Ба гуфтаи ӯ, парвандаи ин ду нафари муттаҳам ба ҷосусӣ ба нафъи Исроил рӯзи 1 ноябр дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Додситони кулли Теҳрон гуфтааст, ба хотири ҳифзи обрӯи хонаводаҳои муттаҳамон ҳуввияти онҳоро ошкор намекунанд. Ҷаъфари Давлатободӣ гуфтааст, 15 нафар шаҳрванди кишвар бо иттиҳомоти шабеҳ аз 10 то 15 соли зиндон маҳкум шудаанд.
XS
SM
MD
LG