Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ғайриоддии хабарнигорони торнамоҳо


Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири Оҷонси иттилоотии «Тоҷнюс»
Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири Оҷонси иттилоотии «Тоҷнюс»

Се корманди саҳфаи интернетии «Тоҷнюс» рӯзи панҷшанбе як ноқили 10-метраро дар ихтиёри вазорати нақлиёт ва мухобирот вогузоштанд. Ин иқдом дар вокуниш ба изҳороти ин вазорат сурат гирифтааст, ки қаблан сабаби қатъи сомонаҳои расонаҳоро тахриби ноқил ё кабел номид.

Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири Оҷонси иттилоотии «Тоҷнюс» ба радиои Озодӣ гуфт, яке аз хонандагони сомона ба ҳарфи мақомот бовар карда, ноқилеро ба идораи оҷонс овардааст: «Чанд вақт шуд, ки аз иттилои сомонаи шумо бебаҳраем. Фаҳмидем, ки гап дар ноқил (кабел) будааст. Овард ва гуфт, ки агар гап дар сари ин аст, инро ба вазорати нақлиёт ва мухобирот бареду диҳед, то зудтар сомонаро фаъол кунанд».

Кормандони Оҷонси иттилоотии «Тоҷнюс» хостанд ноқилро ба вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон пешниҳод кунанд, аммо дар қабулгоҳи ӯ гуфтанд, ки ҳар касе дар бораи ноқил сӯҳбат кардааст, пеши ӯ бубаранд.

Қаблан Раҳмоналӣ Ҳасанов, сарвари Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии вазорати нақлиёт ва мухобирот ба хабарнигорон гуфта буд, ки далели аз фаъолият мондани сомона тахриби ноқил будааст. Дар бинои ин сарраёсат оқои Ҳасанов ҳозир нашуд, ки кормандони «Тоҷнюс»-ро бипазирад. Танҳо яке аз муҳофизон маслиҳат дод, ки ноқилро ба ҳамон хонандаи «Тоҷнюс» баргардонанд.

Ҳайрати мақомот

Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, иқдоми кормандони сомонаи «Тоҷнюс», ки ба нишони эътироз аз масдудшавии сомонаи онҳо карда шудааст, аз сӯи мақомот ғайричашмдошт арзёбӣ мешавад.

Ҷумъахон Зуҳуров, муовини аввали вазири нақлиёт ва мухобирот мегӯяд, вуруди кормандони «Тоҷнюс» ва рӯзноманигорон ба қабулгоҳи вазир ва талаботи онҳо ӯро ба ҳайрат овардааст:

«Охир, ду ё се метр кабелро бояд ҳатман ба вазир баранд? Ин ҷо мутахассисон ҳастанд, мешуд ба онҳо пешниҳод кард. Охир, рост кардани кабел вазифаи вазир нест? 15 нафар бо ҳамин чанд метр кабел бояд ҳатман пеши вазир дароянд?»

Масъулин мегӯянд, ноқили сомонаи «Тоҷнюс» дар ҳоли тармим аст ва ба ҳамин зудӣ фаъол хоҳад шуд.

Ноқилҳои "ҳамсоя"

Дар ҳамин ҳол, Фазлиддин Хоҷаев мегӯяд, посухи вазорат беасос аст, ба он хотир ки дар IP-сервер, ё ноқили «Тоҷнеюс» боз 49 сомонаи дигар, аз қабили сомонаи Бонки миллӣ, парлумон, телевизионҳои давлатӣ, вазорати молия, созмони ҳуқуқи башари кишвар низ «ҳамсоя» ҳастанд. Вай афзуд, агар гап дар сари тахриб шудани ноқил бошад, чаро ин сомонаҳо фаъоланд?

«Тоҷнюс», ягона сомонаи тоҷикии миллӣ аст, ки ба забони тоҷикӣ матлаб омода мекунад ва аз 29 сентябр ба ин сӯ аз кор мондааст. Масъулини сомона мегӯянд, моҳе то 80 ҳазор нафар аз он истифода мекунанд.

Дар баробари «Тоҷнюс» сомонаи «Авеста» низ то ба ҳол боз нашудааст. Боз як сайти оппозитсионӣ таҳти унвони tjknews.com комилан дастнорас буда, дастрасӣ ба сайтҳои centrasia.ru ва fergana.ru дар бархе провайдерҳо имкон надорад. Ҳамчунин тайи 1 моҳи охир, 3 нашрияи мустақили дигар – “Фараж”, “Пайкон” ва “Нигоҳ” низ аз нашр монданд.

"Посухи хандаовар"

Дар ҳамин ҳол, коршиносон таҷрибаи эътирози кормандони «Тоҷнюс» дар Тоҷикистонро бесобиқа унвон мекунанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ин эътирози бидуни зӯроварӣ аст, ки дар ҷаҳони муосир хеле густарда истифода мешавад:

«Посухе, ки вазорат дод, хандаовар буд, аз ҳамин хотир, вокуниши кормандони «Тоҷнюс» ҳам аҷиб буд. Ҳар касе, ки ин гуна вокунишро мебинад, дуруст дарк мекунад, ки даъвоҳои мақомот дар бораи тахриб шудани ноқил ё кабел бепояанд».

Дар ҳамин ҳол, кормандони «Тоҷнеюс» дар назди бинои «Почтаи марказӣ» - тобеи вазорати нақлиёт ва мухобирот нафаре аз мақомотро пайдо накарданд, ки ноқилро бидиҳанд. Онҳо ноқилро ба дарвозаи бино овехтанд, ки ҳамон замон хадамоти муҳофизати бино онро ба замин афканданд.
XS
SM
MD
LG