Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъмини Талко ва Тоҷиксемент бо гази худӣ


Бо коҳиш ёфтани интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбакистон, ду корхонаи бузурги санъатии Тоҷикистон ба истифода аз гази табии маҳаллӣ рӯ овардаанд. Корхонаи тавлиди алюминиум ва корхонаи сементи шаҳри Душанбе, ки аз масрафкунандагони аслии гази табии Ӯзбакистон ҳастанд, ҳоло аз ҷануби кишвар аз конҳои маҳаллӣ газ дарёфт мекунанд. Маҳмуд Хоркашев, раиси корхонаи Қӯрғонтеппагаз гуфт, дар ин бора иттилоъия аз ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо расидааст. Вале дар ин миён аҳолии маҳаллии чаҳор шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон аз истифодаи гази табиӣ маҳрум шудаанд.
XS
SM
MD
LG