Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ноҳияи Исфара воқеъ дар шимоли Тоҷикистон амалиёти низомӣ алайҳи як гурӯҳи мусаллаҳ идома дорад. Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин афроди мусаллаҳро “террорист” хонд ва гуфт, яке аз онҳо ихтиёран таслим шуда ва афроди боқимонда ба маъмурони амниятӣ муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.

Геьмат Олимов афзуд: “Тақрибан як-ду соат онҳо беист бо пулемёт, автомат ва гранатомёт муқобилият карданд, ки дар натиҷа хонаҳои ҳамсояҳо зарар диданд.“

Неъмат Олимов гуфт, фарди боздоштшуда Домулло Зайнулоббудин ном дорад ва бештар аз 8 сол мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштааст.



Дар ҳоли ҳозир хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ даргириҳо дар Чоркӯҳро дунболагирӣ дорад ва ба қавли ӯ, садои тирандозӣ дар мавзеъҳои Қирғизистонии ҳаммарз бо Исфара низ шунида мешавад.

Раиси ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, дар ҷараёни муқовимати ин гурӯҳ баъзе аз хонаҳои атроф осеб дидаанд, вале аз мардуми русто касе зарар надидааст, зеро ҳамаи онҳо пеш аз оғози амалиёт ба ҷойи амн интиқол дода шудаанд.

Ба қавли ҷаноби Олимов, ин гурӯҳ аз панҷ нафар иборат буда, яке аз онҳо шаҳрванди Қирғизистон аст. Дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои умури дохилаи Исфара гӯё як тани онҳо фирор карда ва як тани дигар таслим шудааст.

Ин гурӯҳи мусаллаҳ ҳангоми муқобилият дар боми хонаи яке аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ сангар гирифта, бо истифода аз мусалсалҳои Калашников ва норинҷакандозҳо оташ кушодаанд.

Кормандони умури дохила ин манзилро муҳосира кардаанд ва амалиёт дар ин соатҳо идома дорад. Дар амалиёти мазкур нерӯҳои умури дохила ва амнияти ноҳияи Исфара ширкат доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG