Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт алайҳи гурӯҳи мусаллаҳ дар Чоркӯҳи Исфара


Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ноҳияи Исфара воқеъ шимоли Тоҷикистон барои маҳви як гурӯҳи мусаллаҳ амалиёти низомӣ идома дорад. Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин афроди мусаллаҳро “террорист” хонд ва гуфт, ки яке аз онҳо ихтиёран таслим шуда ва бақияаашон ба маъмурони амниятӣ муқовимати мусаллаҳонаи шадид нишон доданд: “Тақрибан як ду соат онҳо беист пулемёт автомат, гранатмёт муқобилият карданд, ки дар натиҷа хонаҳои ҳамсояҳо зарар диданд.“ Неъмат Олимов гуфт, фарди боздоштшуда, Домулло Зайнулоббудин, ном дорад ва бештар аз 8 сол мавриди пайгарди қонунӣ будааст. Ҳуввияти ҳамроҳони ӯ ҳанӯз маълум карда нашудааст ва сарнавишташон ҳам маълум нест, ки кушта шудаанд ё захмӣ. Ба гуфтаи Неъмат Олимов дар ҷараёни муқовимати ин гурӯҳ баъзе аз хонаҳои атроф осеб диданд, вале аз мардуми русто касе осеб надидааст, зеро ҳамаи онҳо беш аз оғози амалиёт ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.
XS
SM
MD
LG