Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти вазирони роҳи панҷ кишвар дар Душанбе


Имрӯз дар Душанбе нишасти дурӯзаи вазирони роҳи Тоҷикистону Эрон, Чин, Қирғизистон, Афғонистон ба кор шурӯъ кард. Ҳадаф аз нишаст тавсеаи роҳҳои иртибототӣ миёни панҷ кишвар аст, ки мехоҳанд, роҳи оҳане бисозанд, ки онҳоро бе убури қаламрави Ӯзбакистон ба якдигар васл кунад. Ин роҳи оҳан, ки шаҳри Ҳироти Афғонистонро ба шаҳри Кошғари Чин мепайвандад, тақрибан 2 ҳазор километр тӯл дорад ва ба қаламрави Эрон низ васл мешавад. Қисмати 296 километрии ин роҳ Тоҷикистону Қирғизистон ва дар ниҳоят онҳоро ба Эрон мепайвандад.
XS
SM
MD
LG