Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми ғайримуқаррарии "Тоҷнюс" барои ҷалби таваҷҷӯҳ


Хабаргузории интернетии “Тоҷнюс” имрӯз бо як иқдоми ғайриоддӣ хост, таваҷҷӯҳро ба мушкили адами дастрасӣ ба ин вебсайти худ ҷалб кунад. Се корманди хабаргузорӣ як ноқили 14 метриро ба вазорати нақлиёт ва мухобирот пешниҳод карданд, то ба гуфтаи онҳо, ноқили харобшудаи мухобиротиро иваз намуда ва дастрасӣ ба хабаргузории онҳоро имконпазир кунанд. Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири «Тоҷнюс» ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз хонандагони сомона ба ин ҳарфи мақомот бовар карда, ноқилеро ба идораи оҷонс овардааст: «Чанд вақт шуд, ки аз иттилои сомонаи шумо бебаҳраем. Фаҳмидем, ки гап дар ноқил (кабел) будааст. Оварду гуфт, ки агар гап дар сари ин аст, инро ба вазорати нақлиёт ва мухобирот бареду диҳед, то зудтар сомонаро фаъол кунанд». Дастрасӣ ба торнамои «Тоҷнюс», ва чанд вебсайти дигари хабарӣ аз 29 сентябр дар Тоҷикистон номумкин шудааст.
XS
SM
MD
LG