Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли 15 тан дар Мексика дар як муноқишаи гурӯҳӣ


Мақомоти Мексика мегӯянд, дар як муноқишаи гурӯҳҳои ҷиноӣ 15 нафар кушта шудаанд. Афроди мусаллаҳ рӯзи чаҳоршанбе ба сӯи кормандон ва мизоҷони як истгоҳи мошиншӯӣ дар шаҳри соҳилии Тепик дар иёлати Наварит тирандозӣ кардаанд. Мақомоти Мексика гуфтанд, агарчӣ ангезаҳои куштор маълум нест, вале зоҳиран ба рақобати гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир иртибот мегирад. Бори саввум аст, ки дар тӯли камтар аз як ҳафта Мексика шоҳиди чунин хунрезӣ мешавад. Дар ду ҳодисаи пешина 27 нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG