Пайвандҳои дастрасӣ

Феликс Қулов низоми порлумониро хуш надорад


Феликс Қулов, нахуствазири собиқи Қирғизистон мегӯяд, кишвараш омодаи гузариш ба низоми порлумонӣ нест. Феликс Қулов, ки ҳизбаш дар интихоботи порлумонии гузашта мақоми саввумро ба даст овард, дар шаҳри Бишкек ба хабарнигорон гуфт, агарчӣ Қонуни асосӣ, тағйири низоми порлумониро пешбинӣ накардааст, “аммо афкори умумӣ ва ташаббусҳо метавонад” ба ин чиз бирасонад. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Феликс Қулов гуфтааст, ҳар кори мумкинро хоҳад кард, то низоми раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон барқарор шавад. Ба гуфтаи ӯ, Қонуни Асосии феълӣ, раиси ҷумҳури заъиф, нахуствазири начандон қавӣ ва порлумони бисёр қавиро муқаррар кардааст, ки низоми дуруст нест.
XS
SM
MD
LG