Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли нерӯи барқ аз ҳафтаи оянда коҳиш хоҳад ёфт


Дар Тоҷикистон маҳдудияти саросарии интиқоли нерӯи барқ аз ҳафтаи оянда шурӯъ хоҳад шуд. Абдулло Ёров, мудири ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” гуфт, қарор аст, интиқоли маҳдуди нерӯи барқ ба хонаҳои мардум ва муассисаҳо сар аз рӯзи 1 ноябр шурӯъ шавад. Дар ин миён пойтахти Тоҷикистон истисно аст. Абдулло Ёров, афзуд, имсол маҳдудият ба мисли солҳои гузашта шадид нест ва мардум дар як шабонарӯз то 10 соат нерӯи барқ хоҳанд дошт. Тоҷикистон, ки дар нерӯгоҳҳои барқи обиаш дар фасли гармо бештар аз ниёзҳои дохилии худ нерӯи барқ тавлид мекунад, дар зимистон қодир ба таъмини худ нерӯи барқ нест.
XS
SM
MD
LG