Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори қурбониён дар Индонезия аз 300 гузашт


Шумори қурбониёни тсунами ва алангаи вулқон дар Индонезия беш аз 300 нафар шудааст. Мақомот мегӯянд, бар асари ҳамлаи мавҷи семетрии тсунамӣ ба дунболи заминларзаи ҳафтбаллии шаби душанбе дар ҷазираҳои Ментавай дастикам 282 нафар ҳалок шуда, ҳудуди 400 тани дигар беномунишон боқӣ мемонанд. Ҳамлаи вулқон дар ҷазираи Ява, дар 1300-километрии маҳалли тсунамӣ, ҳудуди 30 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG