Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли 15 нафар дар як дукони мошиншӯӣ дар Мексика


Мақомоти Мексика мегӯянд, дар севвумин мавриди куштори ҷамъии афрод аз сӯи қочоқбарони маводи мухаддир дар камтар аз як ҳафтаи охир 15 тани дигар кушта шуданд. Афроди мусаллаҳ дирӯз коргарон ва мизоҷони як дӯкони мошиншӯӣ дар шаҳри Тепич, дар соҳили уқёнуси Оромро тирборон кардаанд. Далели ҳамла ҳанӯз рӯшан нест, вале ба бовари мақомот, ин кори дасти гурӯҳи муташаккили ҷиноист.
Рӯзи ҷумъаи гузашта ҳамлаи силоҳбадастон дар Чиудад Хуарес, дар роҳе, ки аз аёлати Техаси Амрико меояд, 14 нафарро ба қатл расонданд. 13 тани дигар рӯзи якшанбе дар як маркази табобати мӯътодони маводи мухаддир дар Тихуана, дар наздикии марзи аёлати Калифорнияи Амрико кушта шуданд.
Тайи 4 соли охир дар задухӯрдҳои марбут ба маводи мухаддир дар Мексика беш аз 28 000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG