Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримоти Амрико алайҳи 37 ширкати ҳамкор бо Эрон


Амрико даҳҳо ширкати муртабит бо ширкати “Хутути дарёии Эрон”-ро таҳти таҳримот қарор дод. Вазорати дороии Амрико гуфт, 37 ширкати таҳримшуда дар Олмону Малта ва Қибрис таъсис ёфта, аз сӯи “Хутути дарёии Эрон” назорат мешуданд, ё аз номи он фаъолият мекарданд ваё шӯъбаҳои ин ширкати эронӣ буданд. Таҳримот ҳамчунин 5 фарди эрониро ба ҳадаф дорад. Вазорати дороӣ гуфт, ҳадафи таҳримот “шабакаи “Хутути дарёии Эрон” ва нишон додани истифодаи Эрон аз ширкати миллии дарёияш дар амри пешбурди барномаи силоҳҳои қатли ом ва ҳамлунақли амволи низомист.”
XS
SM
MD
LG