Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои қарордодҳои муҳим байни Қазоқистону Фаронса


Дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Фаронса, миёни Порису Остона чанд қарордоди бузург ба маблағи умумии 2 миллиард евро имзо шудааст. Дафтари раёсатҷумҳурии Фаронса гуфт, ин тавофуқот аз ҷумла фурӯши 295 қатори роҳи оҳан ва 45 чархбол ба Қазоқистонро дар бар мегирад. Пиромуни бунёди як реактори ҳастаӣ дар Қазоқистон аз сӯи як ширкати ҳастаии Фаронса низ тавофуқ ҳосил шудааст. Остона ҳамин тавр, ширкатҳои фаронсавиро ба соҳоти нафту газаш роҳ хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG