Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузашти Карзай ба ширкатҳои амниятӣ


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай бо гузашт ба Вошингтон замони зарбулаҷалаш барои лағви ширкатҳои хусусии амниятиро 2 моҳ тамдид кард. Дафтари Карзай бо нашри як баёния гуфт, як кумитаи ташкилшуда ҷадвали замонии манъи фаъолияти ин ширкатҳоро таҳия хоҳад кард, ки бояд то 15 ноябр ба раисиҷумҳур ироа шавад. Ба дунболи тасвиби ин ҷадвал, ширкатҳои хусусии амниятӣ барои қатъи фаъолиятҳои худ дар Афғонистон ҳамагӣ 90 рӯзи дигар фурсат хоҳанд дошт. Ин кумитаи таҳти раҳбарии вазири дохилаи Афғонистон намояндагони кишварҳои кумакрасон ва нирӯҳои НАТО-ро низ дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG