Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама як шабро дар "Тоҷмаҳал" ба сар хоҳад бурд


Мақомоти Амрико мегӯянд, раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама зимни сафари серӯзааш ба Ҳинд нахустин шаби худро дар меҳмонсаройи “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Мумбай рӯз хоҳад кард. Ин меҳмонсаро ҳадафи асосии ҳамлаи террористии моҳи ноябри соли 2008 буд. Бар асари он ҳамлаи ҷангиёни исломӣ 166 нафар, аз ҷумла 31 тан дар “Тоҷмаҳал” кушта шуданд. Кохи Сафед гуфт, Обама шаби 6 ноябрро дар “Тоҷмаҳал” ба сар бурда, қасд дорад, эҳтироми қурбониёни он ҳамларо ба ҷо биорад. “Тоҷмаҳал” баъд аз тармим дар моҳи августи соли ҷорӣ боз шуд.
XS
SM
MD
LG