Фурӯ рафтани боми макони як тӯйи арӯсӣ дар вилояти Бағлон, дар шимоли Афғонистон мунҷар ба ҳалокати 60 нафар шудааст. Ҳамид Ниёзӣ, раҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон гуфт, дастикам 40 тани дигар, аксаран занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштаанд. Волии Бағлон Муншӣ Абдулмаҷид ҳалокати дастикам 40 нафарро таъйид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, меҳмонон саргарми тӯйи арӯсӣ буданд, ки боми ин манзили сеқабатаи рустоӣ фурӯ рафт.