Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори қурбониёни тсунамӣ дар Индонезия


Наҷотдиҳандагон дар Индонезия садҳо нафари гумшуда дар пайи тсунамӣ ва алангаи вулқонро ҷустуҷӯ мекунанд. Мақомот мегӯянд, бар асари ҳамлаи мавҷи семетрии тсунамӣ ба дунболи заминларзаи ҳафтбаллии шаби душанбе дар ҷазираҳои Ментавай беш аз 270 нафар ҳалок ва садҳо тани дигар бенишон шудаанд. Дар пайи ин офати табиӣ дастикам 4000 нафар бесарпаноҳ монда, дар хаймаҳои муваққат ҷой гирифтаанд. Оташи вулқон дар ҷазираи Ява, ки аз маҳалли тсунамӣ қариб 1300 километр фосила дорад, дастикам 28 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG