Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҷсоди 3 афсари "Алфа"-ро аз рӯди Сурхоб ёфтанд


Воҳидҳои наҷотбахш ахиран аҷсоди 3 афсари гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро аз рӯди Сурхоб дар водии Рашт берун кашидаанд.
Сухангӯи кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон Дӯстмурод Забиров гуфтааст, феълан ҷустуҷӯи 3 афсари дигари “Алфа” дар минтақа идома дорад. Чархболи ҳомили сарбозони гурӯҳи “Алфа” рӯзи 6 октябр дар ноҳияи Рашт суқут кард. Бар асари он сониҳа 26 сарбозу афсари гурӯҳи “Алфа” ва Горди миллии Тоҷикистон кушта шуданд.
Ин нирӯҳо барои ширкат дар амалиёти зидди гурӯҳҳои шӯришӣ ба водии Рашт эъзом шудаанд.
XS
SM
MD
LG