Пайвандҳои дастрасӣ

Музокирот бо WTO вориди давраи ниҳоӣ шудааст


Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, раванди музокирот ҷиҳати пайвастани ин кишвар ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (WTO) вориди марҳалаи ниҳоӣ шудааст.
Фаррух Ҳамралиев гуфт, Тоҷикистон ба муҷарради иҷрои ҳама шурути узвият ба ин созмон хоҳад пайваст.
Душанбе аз солҳои 90 талош дорад, ба ҳайъати ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ шомил шавад. Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ қаблан гуфт, Душанбе шояд то поёни соли ҷорӣ ин ҳаққро ба даст биорад. Феълан аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон ба узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат даст ёфтааст.
XS
SM
MD
LG