Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

8,9 миллион доллар кумаки НОРЕ ба Тоҷикистон


Дирӯз дар бемористони марказии ноҳияи Шаҳринав расми таҳвили кумаки созмони амрикоии “НОРЕ” (“Умед”) ба бемористонҳои Тоҷикистон ба маблағи 8,9 миллион доллар доир шуд. Ин кумак аз давои амрози қалбу чашм, бемориҳои равонӣ ва антибиотикҳо ба маблағи 6,2 миллион доллар ва воксини зидди бемории сироятии домана ба маблағи 2 миллиону 700 ҳазор доллар иборат буда, дар миёни бемористонҳои Тоҷикистон тавзеъ хоҳад шуд. Ин севвумин бастаи ёриҳои дорувори созмони “НОРЕ” ба бемористонҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ буда, аз соли 2002 ба ин сӯ, ин муассисаи хайрия ба Тоҷикистон ба маблағи 242 миллион доллар дорувору таҷҳизоти тиббӣ кумак кардааст.
XS
SM
MD
LG