Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани бадрафторӣ дар як дайри Русия


Масъулони як дайри масеҳӣ дар вилояти Владимири Русия бо иттиҳоми бадрафторӣ нисбат ба кӯдаконе, ки дар ин макон ба сар мебурданд, таҳти таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, ин парванда бо иттиҳоми “аз озодӣ маҳрум кардани афроди ноболиғ” боз шудааст.
Дар авоили моҳи октябр се наврасе, ки дар дайри Свято-Боголюбский, воқеъ дар тақрибан 160-километрии шарқи Маскав ба сар мебурданд, бо хабарнигорон тамос гирифта, аз асорати худ хабар доданд. Бино ба иддаои ин 3 тан, онҳо маҷбуранд соатҳои тӯлонӣ дар саҳро кор кунанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар сурати саркашӣ аз ин кори иҷборӣ кӯдаконро дар макони сард бандӣ карда, латукӯб ва аз ғизо маҳрум мекунанд.
XS
SM
MD
LG