Пайвандҳои дастрасӣ

Исми Давлатманди Хол барои маҳофили фарҳангии на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари форсизабон ҳам ба хубӣ ошност ва бо шунидани ин ном ба гӯш қабл аз ҳама навои дилошӯби дутор ва наю ғижжаки тоҷикӣ мерасад, ки дар ҳавои оҳанги он ин ҳунарманди маъруфи тоҷик ба гӯши мардум ниёиши Фалакро мерасонад ва қиссаҳоро аз фарҳанги гузаштаву имрӯзи мардуми тоҷик ҳикоят мекунад.

Давлатманди Хол соли 1950 дар рустои Доғистони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар хонаводаи кишоварз ва аҳли фарҳанг ба дунё омадааст. Чуноне худи Давлатманди Хол мегӯяд, маҳз ҳунарманд будани падару бародар ва аз сӯи дигар истеъдоди худовандӣ боис шудааст, ки ӯ роҳи санъатро пеша намояд ва жанри фалакро дубора эҳё кунад.

Нахустин оҳанги худро Давлатманд Холов дар соли 1963 дар синни 13-солагӣ ва дар сугвории падараш хондааст. Ба гуфтаи ин ҳунарманди маъруф, ӯ навозиши бисёре аз созҳои мусиқӣ ва муҳаббат ба ашъори Мавлоно Румиро аз падараш омӯхтааст. Ва матни бештари сурудҳои ӯ ашъори Мавлоност. Зеро, мегӯяд ӯ, дар ғазалиёти Мавлоно ҳеҷ гаразе нест ва аз сӯи дигар ба ашъори ӯ бароҳатӣ метавон оҳанг баст.

Ҳарчанд Давлатманди Хол аз рӯи тахассус меъмор аст, аммо барояш бештар ҷобаҷогузории адвор мақбул аст. Ӯ ба хубӣ аз иҷрои беш аз сад сози мусиқӣ мебарояд, аммо дар баршумурдани оҳангҳои хондааш душворӣ мекашад. Ин марди ҳунар кайҳо дар ҷодаи навозандагиву овозхонӣ ва низ оҳангсозӣ ба дараҷаи устодӣ расидааст ва мактаби эҷодии худро дар кишвар таъсис додааст, ки даҳҳо ҷавонони ҳунарманд аз он баҳра мегиранд.

Давлатманди Хол дар тӯли 20 соли фаъолияташ беш аз нисфи ҷаҳонро гаштаву навои Фалакро ба шунавандаҳои кишварҳои мухталиф расондааст. Ӯ соҳиби ҷоизаҳои бешумор аст. Чанд соли беш ба ин ҳунарманди шинохта президенти собиқи Фаронса Жак Ширак нишони тилоии кишвари Фаронсаро ба далели истифода аз ашъори Мавлонои Румӣ эҳдо кард. Феълан Давлатманди Хол раҳбарии ансамбли давлатии Фалакро ба дӯш дорад. Дар баробари ин ҳама ӯ пажӯҳишгари мусиқии мардумии Тоҷикистон аст. Соҳиби нӯҳ фарзанд аст ва аксарият ҳунари падарро пайравӣ мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG