Пайвандҳои дастрасӣ

Навовариҳои Русия барои муҳоҷирони корӣ


Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия

Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия

Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ки барои анҷоми як сафар вориди Душанбе шудааст, мегӯяд, роҳи муассири ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар ин кишвар ба даст овардани муҷаввизи фаъолият ё патент аст.

Константин Ромодановский, мудири ин ниҳод, ки пас аз мулоқот бо Эмомалии Раҳмон бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ин навоварии мақомоти Русия истиқбол кардааст. Вай афзуд:

«Ин навоварӣ муҳоҷирони зиёдро наҷот медиҳад. Як нафар ба Русия меояд ва ба хадамоти федеролии муҳоҷират муроҷиат мекунад. Акси худ, шиноснома ва аризаашро барои патент пешниҳод мекунад. Квитансия мегирад ва дар бонк сари моҳе 1 ҳазор рубли русӣ пардохт мекунад ва меравад барои кор дар ҳар ҷое, ки дилаш мехоҳад».


Сафиулло Девонаев, сарвари Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, ин иқдоми мақомоти рус барои ба танзим даровардани будубоши қонунии муҳоҷирин муассир аст:

«Як нафар худ, бидуни миёнарав ин ҳуҷҷатро мегирад ва дар шиносномааш мегузорад. Ягон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дигар наметавонад аз ӯ пул ситонад ё ҳуқуқашро нақз кунад. Бо ин роҳ афродеро, ки ғайриқонунӣ буданд, мо аз вазъи ногувор баровардем».

Шубҳа аз муассир будани патент


Тибқи иттилоъи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, патент аз 1 июли соли равон роҳандозӣ шудааст ва то ба ҳол ҳудуди 100 ҳазор муҳоҷири корӣ, аз ҷумла 23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон онро дарёфт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, иддаи дигаре аз муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия мегӯянд, аз мавҷудияти ҳамчунин патент хабар надоранд.

Дилбарнисо, як хонуми муҳоҷир мегӯяд: «Агар шумо суроғаи ин ҷоро донед, ба мо гӯед, мо рафта мебинем, ки чӣ гап аст. Мо бинем, ки оё бо он кор карда мешавад, ё не. Ва ба дигарҳо ҳам мегӯем, ки раванду патент гиранд»

Хонум Дилбарнисо мегӯяд, тадобире, ки мақомоти Русия барои ворид кардани сабукиҳо сурат мегиранд, аз сӯи бархе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ риоя намешаванд ва доштани ҳуҷҷат ҳанӯз далели дилпурии як муҳоҷири корӣ нест.

730 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик

Тибқи иттилоъи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар нӯҳ моҳи соли равон 730 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ вориди хоки Русия шудаанд. Тибқи ин манбаъ, дар ҳудудҳои Русия 20 дарсади муҳоҷирини кории тоҷик аз як сол беш бо корҳои гуногун, 30 дарсад бо тиҷорат ва 50 дарсад аз моҳҳои март то ноябр бо корҳои мавсимӣ, аз ҷумла дар сохтмону кишоварзӣ машғул мешаванд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, маболиғи муҳоҷирини кории тоҷик 40 дарсад ва ба гуфтаи созмонҳои байнулмилал, 50 дарсади маҷмаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ташкил мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, ба ҷуз интиқоли маболиғ, муҳоҷират дар Тоҷикистон шиддати бозори корро коҳиш дода, ҳирфаияти муҳоҷиринро ҳангоми азхудкунии фанновариҳои ҷадид боло мебарад, аммо кишвар ҳамчунин ба камбуди мутахассисон, тағйири модели оиладории тоҷикӣ ва нақзи ҳуқуқи муҳоҷирин низ мувоҷеҳ шудааст.

Нафақаи мардикоронро кӣ хоҳад пардохт?


Дар ҳоле, ки фаъолияти бахши умдаи муҳоҷирони корӣ дар Русия ба беш аз даҳсола мекашад, аксари онҳо акнун дар андешаанд, ки бо пардохти маблағи муҷаввиз ба мақомоти Русия ҳақи бознишастагиро аз кадом кишвар талаб кунанд, аз Русия ё Тоҷикистон.

Раиси хадамоти федеролии Русия, ки ҷиҳати ширкат дар ҷаласаҳои навбати шӯроҳои сиёсати муҳоҷирати кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ИДМ ба Душанбе омада буд, гуфт, бо мақомоти Тоҷикистон ин мавзӯъро низ баррасӣ кардааст, ки дар ин кишвар омӯзиши забони русӣ ва омода кардани муҳоҷирини мутахассис дар омӯзишгоҳҳои касбиро ба роҳ монанд. Оқои Ромодановский гуфт, Русия омода аст 10 омӯзишгоҳи касбиро дар Тоҷикистон таҳти сарпарастӣ гирад.

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, ҳамасола беш аз ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба далели вайрон кардани қонунгузорӣ бо қарори додгоҳ аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.

«Аз Русия набояд аъҷуба сохт»

Раиси ин хадамот ҳамчунин мавҷудияти гурӯҳҳои миллатгаро, аз ҷумла сартарошидаҳо дар кишварашро таъйид кард, аммо гуфт, ин ба салоҳияти ниҳоди ӯ нест:

«Бо сартарошидаҳо бояд мақомоте мубориза баранд, ки барои ин кор маош мегиранд. Аммо мо бо назорат ва танзими равандҳои муҳоҷират машғулем. Бале, онҳо ҳастанд ва ин хеле бад аст. Ин зуҳурот хоси танҳо Русия нест. Интернетро бинед, ки дар ҷаҳон чиҳо мегузарад. Аз Русия набояд як аъҷуба рост кард. Бояд мубориза бурд. Дар мо он гуна аст, ки дар ҳама ҷо ҳаст. Оила, ки бе бадафт намешавад».

Ҳамасола теъдоди назарраси муҳоҷирини корӣ дар Русия кушта мешаванд ва ё аз маризиҳо мефавтанд. Қазияҳои куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия маъмулан то ба охир пажуҳиш намешаванд ва ё ҷурми қотилон аз ҷониби мақомоти додгоҳӣ ба таври одилона баррасӣ намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG