Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Католикҳо ба эъдоми Тариқ Азиз мухолифанд


Калисои католикҳо бар зидди ҳукми эъдоми Тариқ Азиз-вазири пешини корҳои хориҷаи Ироқ ва муовини нахуствазири режими Саддом Ҳусейн изҳори ақида кардааст. Рӯзи сешанбе додгоҳи низомии Ироқ Тариқ Азизро маҳкум ба эъдом кард ва вай ба дор кашида хоҳад шуд. Федерико Ломбардӣ-сухангӯи Ватикан гуфт, калисои онҳо талош хоҳад кард, то Тариқ Азиз, ки аз масеҳиюни Ироқ аст, эъдом нашавад. Иттиҳодияи Аврупо ва Амнести Интернешенал низ дархост кардаанд, ки аз эъдоми Тариқ Азиз ҷилавгирӣ ба амал ояд.
XS
SM
MD
LG