Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз садои Усома Бен Лоден пайдо шудааст?


Телевизиони Ал Ҷазира дар Қатар гузориш додааст, ки гӯё сабти садои Усома бен Лоден-раҳбари шабакаи террористии Ал Қоидаро дарёфт кардааст. Дар навор ин садо ба шаҳрвандони Фаронса таҳдид кардааст, ки дар посух ба ҷонибдорӣ аз ҷанг дар Афғонистон ва манъи рӯсарии занони мусулмон дар Фаронса кушта хоҳанд шуд. Бино ба хабари Ал Ҷазира, Бен Лоден гуфтааст, ки Фаронса бояд нируҳои худро аз Афғонистон фаро хонад. Манбеи мустақил воқеияти ин садоро таъйид накардаанд.
XS
SM
MD
LG