Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манти Аҳдномаи Аврупо тағир хоҳад ёфт


Интизор меравад, ки раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дар Бруссел дар бораи матни нави Аҳдномаи Аврупо ба мунозира биншинанд. Ин ҳамоиши раҳбарон рӯзи панҷшанбе шурӯъ мешавад ва ду рӯз давом мекунад. Олмон аз мавзеъгирии Фаронса дифоъ мекунад ва мегӯяд, бояд Аҳдномаи Лиссабон бозбинӣ шавад, зеро идораи умури иқтисодӣ баъд аз осебпазир шудани иқтисоди Юнон ба тақвият ниёз дорад. Аҳдномаи Лиссабон ба наҳве Қонуни Асосии Аврупо хоҳад буд ва он 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупоро дар бар мегирад. Бисёре аз ин кишварҳо бо нусхаи кунунии Аҳднома мухолифат доранд.
XS
SM
MD
LG