Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи нируҳои Чех дар Афғонистон афзоиш меёбад


Маҷлиси болоии порламони ҷуҳурии Чех ба ҷонибдорӣ аз афзоиши шумораи нируҳои ин ҷумҳурӣ дар Афғонистон рай дод. Шумораи ин нируҳои акнун аз 535 нафар ба 720 нафар хоҳад расид. Ин ируҳои изофӣ дар давоми соли 2011 дар Афғонистон хидмат мекунанд. Дар соли 2012 шумораи онҳо коҳиш меёбад ва ба 640 нафар мерасад. Ин санад бояд дар маҷлиси поёнии порламон низ ба тасвиб расад. Дар маҷлиси поёнӣ эътилофи ҳукуматӣ иборат аз 3 ҳизб аксариятро ташкил медиҳад. Ба ҳамин далел интизор меравад, ки ин санад ба тасвиб мерасад.
XS
SM
MD
LG