Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни сунамӣ ба 180 нафар расидааст


Бино ба гузоришҳо, баъд аз сунамӣ ва хуруҷи вулкан дар Индонезия тақрибан 180 нафар кушта шудаанд. Мақомоти расмии Индонезия гуфтаанд, баъд аз заминларзаи 7,7 дараҷаи ҷадвали рихтер дар ҷазираҳои Ментавай дар ғарби Суматра баландии мавҷи об ё сунамӣ ба 3 метр расидааст. Ба гуфтаи мақомот, 150 нафар кушта, 400 нафари дигар нопадид шудаанд. Гурӯҳҳои наҷот дастикам дар 10 русто бозмондагони сунамиро ҷустуҷӯ мекунанд.
XS
SM
MD
LG