Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тухмандозӣ ба сӯи номзад ба мақоми президент


Як гурӯҳи ҷавонони қазоқ имрӯз дар Алмаато ба сӯи Владимир Козлов - раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи "Алға" тухмандозӣ карданд. Ҷаноби Козлов ахиран эълон кард, ки номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ хоҳад кард.

Козлов ва чанд нафари дигар аз раҳбарони ин ҳизб якҷо бо Ҳизби Коммунист дар дохили Клуби миллии матбуотӣ дар Алмаато бо тухм мавриди ҳамлаи ҷавонон қарор гирифтанд.

Ин ҳамлакунандагон худро "Жентоқсаншилар" ё фаъолони декабр муаррифӣ карданд, ки аз тазоҳуроти моҳи декабри соли 1986 бар зидди Геннаддий Колбин ёдоварӣ мекунад. Он вақт Колбин дар мақоми Котиби аввали Кумитаи Маркази Ҳизби Куммунист бояд Динмуҳаммад Кунаевро иваз мекард.

Владимир Козлов ҳам мисли Колбин рустабор аст. Аммо шахсони наздик ба Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳури Қазоқистон мегӯянд, Назарбоев дар интихоботи соли 2012 низ ширкат хоҳад ҷӯст. То он вақт синни вай ба 70 хоҳад расид.

Дар Қонуни Асосии ин кишвар омадааст, раисиҷумҳур бояд ба таври озод ба забони қазоқӣ гуфтугӯ кунад. Аммо Козлов ҳеҷ гоҳ ба ин забон гуфтугӯ накардааст.

XS
SM
MD
LG