Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горбачёв: Афғонистон роҳи ҳали низомӣ надорад


Михаил Горбачёв-охирин раҳбари Шӯравии собиқ дар мусоҳибае бо Би Би Си гуфтааст, ба нируҳои НАТО "муяссар нахоҳад шуд" дар Афғонистон пирӯзии низомӣ ба даст оранд. Соли 1989 ҳангоме, ки нируҳои Шӯравӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд, Горбочёв дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар сари қудрат буд. Вай ҳамчунин дар ин мусоҳиба гуфтааст, демократия дар Русия ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Вай барои ин ҳизби ҳокимро, ки раёсати онро нахуствазир Владимир Путин бар ӯҳда дорад, муттаҳам кард ва гуфт, ки ин ҳизб барои дар сари қудрат боқӣ мондан аз демократия дур мешавад.
XS
SM
MD
LG